Оғози мумфаршкунии роҳи Зарафшон - Искандаркӯл дар ноҳияи Айнӣ

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбад. Яке аз иқдомҳои муҳим — мумфаршкунии роҳи мошингарди Зарафшон–Искандаркӯл ба шумор меравад, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.

Дар маросими оғози расмии мумфаршкунии роҳ, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, таъкид шуд, ки бо татбиқи чунин лоиҳаҳои муҳим ҳолати роҳҳо беҳтар шуда, вазъи иқтисодии сокинон низ хубтар хоҳад шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки таҷдиди роҳи мазкур барои беҳтар гардидани рафтуомади сокинон ва ҷалби бештари сайёҳон ба мавзеи зебои Искандаркӯл аҳамияти калон дорад. Зеро ноҳияи Айнӣ яке аз минтақаҳои зебову сайёҳии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола шумораи зиёди гардишгарони дохиливу хориҷӣ ба ноҳия ташриф меоранд.

Роҳи мошингарди Зарафшон–Искандаркӯл 33 километр дароҳӣ дошта, аз буриши 104-уми шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ оғоз гардида, то деҳаи Саратоғ идома меёбад.

Корҳои сохтмону мумфаршкунӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Талко Голд” ба роҳ монда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд