Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд

22 апрели соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти муҳим, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёд гардида истодааст, шинос гардид

Раиси вилоят аз ҷумла ба сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена» таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки яке аз лоиҳаҳои калон ва афзалиятноки соҳаи варзиш дар вилоят ба ҳисоб меравад. Ин маҷмаа бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар кӯчаи Сирдарёи шаҳр, дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилоят сохта шуда, ҳадаф аз он татбиқи амалии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар ҷомеа мебошад.

Тибқи лоиҳа маҷмаа дорои толорҳои замонавии варзишӣ барои намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, теннис ва таэквандо буда, сохтмони толорҳои махсус барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ низ дар назар аст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот, дар маҷмаа то 1000 нафар дар як вақт метавонанд машқу тамрин намоянд. 

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, бинои Суди вилояти Суғд, бинои иловагии факултаи чоруми Академияи ВКД, бинои истиқоматии баландошёна барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ, бинои ҲХДТ дар вилоят, корхонаи коркарди меваю сабзавот шинос гардида, ба масъулин супориш дод, ки бо истифода аз шароити мусоид корҳои сохтмониро бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида анҷом диҳанд. 

Таъкид гардид, ки бунёди биноҳои наву замонавӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд