Кишти пахта дар ноҳияи Мастчоҳ вусъат меёбад

Соли ҷорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ кишти пахта дар масоҳати беш аз 12 ҳазору 440 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2 ҳазор гектар зиёд мебошад. Деҳқонону заминдорон талош доранд, ки кишти пунбадонаро сари вақт ва бо риояи талаботи агротехникӣ ба анҷом расонанд.

16 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ аз хоҷагии деҳқонии ба номи “Боқӣ Ҳаким”, воқеъ дар деҳоти Оббурдон боздид намуд. Ӯ бо ҷараёни кишти пахта ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ аз наздик шинос гардид. Таъкид шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ омили муҳим барои фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, масъулони идораи беҳдошти замин ва обрасонӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони масъул супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи кишти пахта, истифодаи тухмиҳои серҳосили ба иқлим мутобиқ, беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи пахтакорӣ чораҳои муассир андешанд.

Бо ширкати Раиси вилоят дар хоҷагии “Боқӣ Ҳаким” расман ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшида шуд. Дар ин хоҷагӣ кишт дар майдони 5,5 гектар ба роҳ монда мешавад. Имсол бо истифода аз техникаҳои муосире, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз Ҷумҳурии Узбекистон дастрас гардидаанд, деҳқонон ният доранд, ки ба дастовардҳои назаррас ноил шаванд.

Дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ низ кишти пахта вусъат меёбад. Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии “Худгиф-5” нахуст ба собиқадорон туҳфаҳо тақдим намуда, сипас ба кишти пунбадона оғоз бахшид. Ба иттилои масъулон, дар ҳамин ҷамоат соли равон кишти пахта дар масоҳати 3150 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Ноҳияи Мастчоҳ яке аз минтақаҳои асосии пахтакор ба шумор рафта, ҳамасола масоҳати кишти ин зироати муҳими стратегӣ зиёд мегардад. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ чораҳои судманд амалӣ шуда истодаанд. Бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия таҷҳизоти нав насб шуда, иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода мешаванд.

Дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат низ хабар гирифт. Собиқадори соҳаи мелиоратсия Абдуҳамид Ахмедов, ки беш аз 40 сол дар ин соҳа фаъолият кардааст, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳо изҳори сипос намуд. Собиқадори соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ Мирзоаҳмад Аҳмадзода низ аз дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд