Ноҳияи Шаҳристон аз минтақаҳои картошкапарвар дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, деҳқонон ва кишоварзони ноҳия бо истифода аз шароити мусоиди мавҷуда ва дастрасӣ ба обу замин ҳамасола майдони кишт ва ҳаҷми истеҳсоли картошкаро зиёд мекунанд.
15 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон дар хоҷагии деҳконии "Бурибойота" бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти картошка шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии мазкур дорои 24,4 гектар замин буда, аз он 6,92 гектар замини обӣ аст, ки дар 3,5 гектари он картошка кишт мешавад. Ба гуфтаи деҳқонон ҳосили бадастомада ба бозорҳои дохилии вилоят, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ВМКБ ба фурӯш бароварда хоҳад шуд.
Ба иттилои масъулин соли равон кишоварзони ноҳияи Шаҳристон тасмим доранд, дар масоҳати 1735 гектар кишти картошка гузаронанд ва то имрӯз дар беш аз 400 гектар кишт гузаронда шудааст.
Ба гуфти картошкапарварон тухмии картошка асосан аз ноҳияи Деваштич дастрас мешавад, зеро он ба иқлими ноҳияи Шаҳристон мутобиқ буда, ҳосили фаровон медиҳад. Аз ҷониби хоҷагиҳо ҳамасола тухмии нав харидорӣ ва тухмии куҳна иваз карда мешавад, ки ин омил боиси гирифтани ҳосили баланд мегардад.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки солҳои охир майдони кишти картошка дар вилояти Суғд мунтазам зиёд шуда, ҳаҷми истеҳсоли картошка низ зиёд гардида истодааст. Дар ноҳияи Шаҳристон низ бояд бо истифода аз имкониятҳо ҳамасола кишти картошка зиёд карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд