
14 апрели соли равон дар ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 оғоз бахшида шуд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои нав бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва мутобиқ набудани бинои мавҷуда ба талаботи замони муосир бунёд мешавад.
Бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои таълиму тарбияи 1224 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия буда, сохтмон бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми шахсони саховатманд, соҳибкорон ва бо ташаббуси кумитаи падару модарон амалӣ мегардад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон ва масъулини соҳаи маориф аз ин иқдом истиқбол намуда, онро як тадбири муҳим дар самти беҳтарсозии шароити таҳсил арзёбӣ кард. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки чунин ташаббусҳои ватандӯстона дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ идома доранд.
Айни ҳол дар МТМУ №19 612 нафар хонанда таҳсил доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шароити таълиму тарбия ба маротиб беҳтар мегардад. Қарор аст, ки бинои мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Сипас, роҳбари вилоят дар беморхонаи марказии ноҳия бо сохтмони бинои иловагӣ шинос гардид.
Сохтмони бинои иловагӣ бо саҳми соҳибкорон ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ҳамзамон, чанде аз сокинони ноҳия маблағҳои барои адои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои кори хайр сарф намуда, дар бунёди бино саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




