Идомаи кишти пахта дар ноҳияи Зафаробод

Дар хоҷагии деҳқонии “Даҳкат” - и ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба кишти пахта оғози расмӣ бахшида шуд. 

Хоҷагии деҳқонӣ 22 гектар замини корам дорад ва имсол дар 17 гектари он пахта кишт мешавад. Пахтакорон ният доранд, ки бо истифода аз тухмии хушсифат ҳосили баланд ба даст оранд.

Ноҳияи Зафаробод яке аз минтақаҳои калонтарини кишоварзии вилоят буда, саҳми он дар таъмини амнияти озуқавории кишвар назаррас аст. Дар хоҷагии деҳқонии “Рӯзибой”, ки дорои 10 гектар замин мебошад, бо иштироки роҳбари вилоят ба кишти пахта оғоз бахшида шуд. Нақша аст, ки дар 5,5 гектар замини хоҷагӣ пахта кишт гардад. Барои ин аз тухмиҳои серҳосили "Намангон-77", "Рамос", "Лима", "Бухоро-6" ва "Мая" истифода бурда мешавад.

Соли равон дар ноҳияи Зафаробод дар маҷмӯъ кишти пахта дар масоҳати 14 ҳазору 740 гектар ба роҳ монда мешавад. 

Раиси вилоят дар мулоқот бо деҳқонон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ таъкид намуд, ки нақшаи кишти пахта дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин иҷро гардад. Барои ин ҳама имкониятҳо муҳайё буда, иҷрои саривақтии он танҳо масъулияти баланди мутахассисону масъулини соҳаро тақозо мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд