3 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини вазир, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Мансурҷон Умаров бинои хадамоти тиббӣ ва нозироти корҳои ислоҳии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум бинои хадамоти тиббӣ ва дар ошёнаи дуюм утоқҳои корӣ барои кормандони нозироти корҳои ислоҳии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Ошёнаи якум дорои 10 ҳуҷра ва як озмоишгоҳ буда, он бо беҳтарин шароити кору хизматрасонии тиббӣ таъмин мебошад. Айни замон барои расонидани кӯмаки тиббӣ 10 нафар табибон ва 4 нафар ҳамшираҳои тиббӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар ошёнаи дуюми бино барои масъулони нозироти корҳои ислоҳӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои кории табибон ва масъулони нозироти корҳои ислоҳӣ бо мизу курсӣ, дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ бо риояи талаботи сохтмонӣ бунёд карда шудааст.
Ҳамчунин, дар ин рӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини вазир, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Мансурҷон Умаров дар муассисаи ислоҳии 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бинои нави маишӣ-истироҳатӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои маишӣ-истироҳатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои утоқҳои дастшӯӣ, ҳаммом, китобхона, толори маҷлис ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, таъкид кард, ки тадбирҳои ободонӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои маҳкумшудагон натиҷаи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат мебошад.
Дар муассисаи ислоҳии 3/3 ошхонаи барҳаво, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи алоқа (алоқаи телефонӣ), бо пайвандон, ҳаммом, китобхона, ҷойи хоб, хонаи фарҳанг ва сехҳои ҳунармандӣ барои соҳибкасб гардидани маҳкумшудагон ташкил карда шудааст.
Зикр гардид, ки дар сехҳои ҳунармандӣ ва дӯзандагӣ зиёда аз 200 нафар маҳкумшуда ба омӯзиши нозукиҳои касбу ҳунар машғуланд. Онҳо бо сифати баланд лавозимоти гуногуни рӯзгор, нишастгоҳҳои замонавӣ, мизу курсӣ, рахти хоб, либосҳои гуногун ва армуғонҳо истеҳсол менамоянд.
Масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки дар боздоштгоҳи тафтишотии 9/2 бинои нави корӣ бунёд намоянд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини вазир, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Мансурҷон Умаров бо лоиҳаи сохтмони иншооти нав шинос гардида, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси сиёсати инсонпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 879 нафар шахсон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки ин тадбири муҳим шаҳодати ғамхории арзанда нисбат ба маҳкумшудагон ва пайвандони онҳо мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд