Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони раёсатҳо, бахшҳо ва шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Раиси вилоят пеш аз ҳама ба аҳли фарҳанг ва ҳунар, инчунин тамоми шахсони масъул барои баргузории чорабинии бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд, ки бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат гирифт, изҳори сипос намуда, ба онҳо арзи миннатдорӣ кард.
Зикр гардид, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардида, меҳмонон ба фарҳанг, ҳунар ва расму ойинҳои мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.
Сипас, масоили таъмини рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои вусъатбахшии корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вазифагузорӣ карда шуд.
Ба масъулони соҳаҳо дастур дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафар ба вилоят баён доштанд, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуда, барои афзун намудани дастовардҳо чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳамзамон, супориш дода шуд, ки масъулин барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон, пешгирии ҷинояткорӣ ва иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ чораҷӯӣ намоянд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки фаъолон ва масъулони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ фаъолияти худро дар ҳама самтҳо боз ҳам беҳтар ба роҳ мемонанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд