14 марти соли 2025 иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Дар оғози ҷаласа раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муҳаммад Исомаддинзода оид ба натиҷаҳои интихоботи вакилони халқ, ки рӯзи 2 марти соли равон доир гардида буд, ҳисобот дод.
Тибқи иттилои ӯ, бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 комиссияи ҳавзавии интихоботӣ ва 1076 комиссияи участкавии интихобот ташкил гардида буд. Аз шумораи умумии интихобкунандагон, ки 1 711 900 нафарро ташкил медод, дар интихобот 1 500 138 нафар иштирок карданд, ки ин ба 87,63 фоиз баробар аст.
Аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва тариқи худпешбарӣ дар 70 ҳавзаи интихоботии вилоятӣ 224 нафар номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд пешбарӣ ва ба қайд гирифта шуданд. Дар натиҷаи овоздиҳии рӯзи 2 марти соли равон 70 нафар номзадҳое, ки беш аз нисфи овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд гардиданд.
Сипас, вакилони тозаинтихоб савганд ёд карданд ва расман ба фаъолияти вакилӣ шурӯъ намуданд. Тибқи рӯзномаи иҷлосия вакилон барои тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, таъсис додани комиссияҳои доимӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар идомаи иҷлосия масъалаи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд, рақами 2 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо овоздиҳӣ ва ҷонибдории вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд номзадии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд.
Дар фарҷоми иҷлосия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вакилони тозаинтихобро ба муносибати оғози фаъолияти вакилиашон табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои масъулияти баланд барору комёбиҳо таманно намуд.
Бо ҳамин, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум кори худро ба анҷом расонд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд