ҶДММ “Фортуна ва компания” боғи нави мевадиҳанда бунёд мекунад

Боғдорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, барои таъмини рушди он аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. 

Дар заминаи дастгириҳои давлатӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” боғи нав бунёд намуда, майдони умумии боғоти худро ба 34 гектар расонидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав иштирок карда, бо умеди сарсабзӣ ва рушди соҳа ниҳоли дарахти зардолу шинонд. Тибқи маълумоти масъулин, дар майдони 6 гектар боғи зардолуи навъи “Присия” шинонида мешавад, ки аз ҳар гектар беш аз 400 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда мешавад.

То ин замон, ҷамъият дорои 24 гектар боғи зардолу, шафтолу, нок ва бодом буда, дарахтон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ нашъу намои хуб доранд. Соли ҷорӣ аз ҷониби ширкат дар масоҳати беш аз 10 гектар боғи нав бунёд гардид ва беҳтарин навъҳои дарахтони мевадиҳанда аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.

Меваҳои ин боғ асосан барои содирот нигаронида шуда, бо ҳосилнокии баландашон фарқ мекунанд. ҶДММ “Фортуна ва компания” нақша дорад, ки бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ майдони боғро боз ҳам васеъ намуда, таҷрибаҳои пешрафтаро дар амал ҷорӣ намояд.

Раиси вилояти Суғд ба фаъолияти боғпарварон баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор кард, ки таҷрибаи пешқадами ширкат дар дигар шаҳру навоҳии вилоят татбиқ карда шавад. Зеро, дар шароити имрӯза, истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, парвариши дарахтон бо усулҳои нав ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд