Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи автомобилгарди Ғафуров – Булоқ – Пунгон ба масофаи 4,2 километр оғоз бахшида шуд.
Ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳҳои маҳаллӣ ва таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва рушди инфрасохтор дар деҳот амалӣ карда мешавад.
Корҳои мумфаршкунӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба бо истифода аз техника ва таҷҳизоти муосир анҷом дода мешаванд. Мумфаршкунии роҳ на танҳо равуои сокинонро осон хоҳад кард, балки ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақа мусоидат менамояд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои тибқи талаботи стандартӣ ба анҷом расонидани корҳои мумфаршкунӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Роҳи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфарш карда мешавад. Барои анҷоми корҳо мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат-2018” машғули коранд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолият дар саросари вилоят садҳо иншооти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва навсозӣ шуда, корҳои созандагӣ бо суръати баланд идома доранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд