Раиси вилояти Суғд аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳоли як қатор собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Зимни дидорбинӣ бо Туҳфамоҳ Эшонова, ки 89 сол дорад, Латифамоҳ Ғозиеваи 80-сола ва Ҳафиза Эшназароваи 86-сола роҳбари вилоят онҳоро бо иди фархундаи Рӯзи Модар таҳният гуфта, ба онҳо сиҳатмандӣ ва рӯзгори обод таманно кард.

Таъкид гардид, ки саҳми бонувон дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврас назаррас буда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои кору фаъолияти занону бонувон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили собиқадори соҳаи кишоварзӣ Баҳодур Эргашев ташриф оварда, аз ҳоли ӯ низ хабар гирифт. Зикр гардид, ки саҳми Баҳодур Эргашев дар рушди соҳаи кишоварзӣ назаррас буда, ӯ дар давоми солҳои тӯлонӣ бо меҳнати фидокорона барои пешрафти хоҷагии қишлоқ талош намудааст.

Собиқадорони меҳнат барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайваста ба роҳбарияти олии мамлакат арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд