Субҳи имрӯз, 2 марти соли 2025 Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода барои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №27-и шаҳри Хуҷанд ташриф овард.
Раҷаббой Аҳмадзода дар қатори дигар шаҳрвандон бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат аз аввалинҳо шуда раъйи худро ба тарафдории номзадҳои арзанда дод.
Дар вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот 13 ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявӣ, 70 ҳавзаи вилоятӣ, 680 ҳавзаи шаҳриву ноҳиявӣ ва 1076 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Дар ҳамин лаҳзаҳо овоздиҳӣ дар тамоми участкаҳои интихоботӣ идома дошта, сокинон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ дар ин маъракаи муҳим ширкат меварзанд.
Участкаҳои интихоботӣ соати 20:00-и 2 март баста мешаванд. Тибқи иттилооти Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихобот дар давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта эълон хоҳанд шуд.
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ нишонаи болоравии маърифати сиёсӣ мебошад.
Ҳар як раъйи додаи мардум дар пешрафти давлат ва таҳкими сулҳу ваҳдат нақши муҳим хоҳад дошт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд