Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ин иқдом таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бо нархҳои дастрас мебошад. Дар ярмарка кишоварзону истеҳсолкунандагон аз шаҳру навоҳии вилоят маҳсулоти худро, аз қабили орд, биринҷ, равған, сабзавоту меваҷот, гӯшт, шириниҳо ва дигар маводи хӯрокворӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди мардум карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка таъкид намуд, ки чунин чорабиниҳо дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат роҳандозӣ шуда, ҳадаф дастгирии аҳолӣ ва таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳо мебошад. 

Сокинон бо изҳори қаноатмандӣ аз ташкили чунин ярмаркаҳо гуфтанд, ки ин иқдом имконият медиҳад, то онҳо маводи ниёзи аввалияро бо нархҳои нисбатан дастрас харидорӣ намоянд.

Баргузории чунин ярмаркаҳо минбаъд низ идома ёфта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифату нисбатан арзон тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд