Дар Истаравшан ба сохтмони ду бинои нави мактаб санги асос гузошта шуд

Дар деҳаи Кӯли Ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими гузоштани санги асос барои бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.

Иншооти нав дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 3000 хонанда дар ду баст бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ ва муассиси ҶДММ "Адл" Мансур Умаров бунёд хоҳад шуд.

Зимни суҳбат бо сокинони маҳаллӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф дар кишвар таъмин гардида, ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимӣ сохта мешавад. Ӯ инчунин саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар таҳкими низоми маориф муҳим арзёбӣ карда, иқдоми соҳибкорро намунаи олии татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат номид.

Раиси вилоят ба соҳибкор барои ташаббуси нек изҳори сипос намуда, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ тавсияҳои зарурӣ дод.

Илова бар ин, Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Сари мазори Ҷамоати деҳоти Гули сурх низ ба сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 оғоз бахшид. Ин муассиса барои таҳсили 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд хоҳад шуд.

Иқдоми мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи хоса ба рушди соҳаи маориф ва фароҳамсозии шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли ояндасоз мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд