Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Спитамен

5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Спитамен машварати корӣ баргузор намуд.

Дар машварат нахуст раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода вобаста ба рафти омодагиҳо ба мавсими нави киштукор ва нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ маълумот дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, тибқи нақша соли равон дар ноҳия 6500 гектар пахта, 140 гектар картошкаи барвақтӣ, 350 гектар сабзавот ва 150 гектар полезиҳо, 50 гектар помидор ва 250 гектар пиёз кишт карда мешавад ва айни замон корҳои омодагӣ ба мавсими киштукор ҷараён дорад. 

Бо назардошти имконоти мавҷудаи ноҳияи Спитамен Раиси вилоят дастур дод, ки ба соҳаи кишоварзӣ, махсусан сари вақт гузаронидани кишти зироатҳо ва истифодаи самараноки замин, истифодаи тухмиҳои босифату серҳосил эътибори ҷиддӣ дода шавад. Зеро таъмини амнияти озуқаворӣ аз фаъолияти кишоварзон ва истифодаи самараноки обу замин вобастагӣ дорад.

Раиси вилоят ҳамзамон ба масъулон барои иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо, тавсеаи корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонӣ, таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ супоришҳо дод.

Сипас, роҳбари вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Маърифат» рафти бунёди боғи интенсивиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Маърифат» соли гузашта дар майдони 6 гектар боғи нав бунёд кардаанд ва соли ҷорӣ низ тасмим гирифтаанд, ки дар масоҳати 6 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд. Дар боғи нав 3 навъ ниҳоли себ шинонида шуда, дар байни қатори дарахтон картошка ва пахта кишт карда мешавад. 

Раиси вилоят дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок карда, барои бунёди боғҳои нав ба кишоварзон тавсияҳо дод.

Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадорони меҳнат Ӯктам Иброҳимов ва Самад Каримов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд