Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон

10 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон аз корхонаи «Беҳрӯз пласт» боздид намуд. 

Тавре маълумот дода шуд дар корхона истеҳсоли зарф ва қуттиҳои пластикӣ ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад дастгоҳҳои муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид ва он васлу насб карда мешавад. 

Корхона аз сехҳои истеҳсоли плёнка, қолабрезӣ ва рангубор иборат буда, зарф ва қуттиҳо бо шаклу андозаи гуногун истеҳсол мегардад. 

Ашёи хом асосан аз кишварҳои Чин, Эрон ва Россия ворид карда шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда мебошад. 

Роҳбари вилоят бунёди чунин корхонаҳои муосири саноатиро зарур шуморида, илова намуд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад. 

Аснои боздид аз ҶДММ "Анқоинвест" иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият коргоҳи забҳи парранда ва басту банди онро ба роҳ мемонад. Айни замон корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз кишварҳои аврупоӣ ворид карда шудааст.

Тамоми раванди истеҳсолот ба таври автоматӣ ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шуда, баробари ба кор андохтани коргоҳ то 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи доимии корӣ таъмин мегарданд.  

Дар идомаи бунёдкориҳо дар шаҳри Бӯстон ҳамзамон мактаби санъат ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад.

Бинои мактаб аз се ошёна иборат буда, дорои 43 утоқ мебошад. Дар ин муассиса 550 нафар дӯстдорони фарҳанг аз рӯи 18 равия ба таълиму ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бунёди зиёда аз 220 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ин марҳила беш аз 100 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд