Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон

10 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бунёд ва бозсозии иншооти гуногун идома дорад. Дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ кӯли шаҳрӣ ва меҳмонхонаи "Хуҷанд" пурра таҷдид гардида, ба як макони зебову истироҳатӣ табдил дода хоҳад шуд.

Меҳмонхона аз 14 ошёна иборат буда, барои қабули наздик 300 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа тамоми утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои қабули меҳмонон навсозӣ гардида, ошхона, тарабхона бо 200 ҷои нишаст, маҷлисгоҳ, ҳавзи шиноварии болопушида ва мавсимӣ, амфитеатр, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад. 

Роҳбари вилоят зимни шиносоӣ ва мулоқот бо меъморону сохтмончиён, масъулин ва роҳбарияти шаҳри Бӯстон қайд намуд, ки меҳмонхонаи "Хуҷанд" ва кӯли шафати он дар асоси супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозӣ гардида, ҷавобгӯ ба меъёру талаботи замони муосир ба истифода дода хоҳад шуд.  

Фармоишгари корҳои сохтмонӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, то 40 нафар бинокорон ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Саломат Мираюбова ва Холмурод Холмаҳмадов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд