Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок доштанд.
Дар машварат масъалаи ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси вилоят ба масъулин барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи захираву имкониятҳо, омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилал, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самраноки заминҳо, таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои марбута дастурҳо дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд