Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони як қатор муассисаҳои томактабӣ шинос гардид.
Бояд таъкид кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон барои фарогирии 50 фоизи кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳо амалӣ шуда истодааст. Раиси вилоят зимни боздиди корӣ бо сохтмон ва лоиҳаи як қатор иншооти соҳаи маориф шинос гардида, барои таъмини иҷрои супоришҳои Сарвари давлат дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар маҳаллаҳои 6, 7 ва 26-уми шаҳри Хуҷанд се кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода мешавад, ки дар натиҷа наздик 800 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва корҳои сохтмонии муассисаҳои томактабӣ ба роҳбарияти шаҳр ва сохтмончиён дастур дода шуд, ки барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.
Раиси вилоят ҳамзамон бо сохтмони коргоҳи коркарди меваю сабзавоти «Доро инвест», коргоҳи «Афранг пластик» ва «Тоҷпанел» шинос шуда, барои васлу насби таҷҳизоти зарурӣ тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд