6 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғоз иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тағийроти кадрӣ сурат гирифта, Файзулло Қосимӣ, Зуфар Исмоилзода ва Ҷамшед Ҷӯразода муовинони Раиси вилояти Суғд таъин гардиданд.
Барои хизматҳои назаррасаш ба Зариф Мирдадо, ки тӯли чанд соли охир муовини Раиси вилоят ва сарпарасти соҳаи кишоварзӣ буд, изҳори сипос карда шуд.
Зимни муаррифии кадрҳо иттилоъ дода шуд, ки Файзулло Қосимӣ дар солҳои гуногун дар вазифаҳои раиси кумитаи захираҳои замин ва заминсозии шаҳри Хуҷанд, раиси кумитаи захираҳои замин ва заминсозии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини аввали раиси кумитаи заминсозии вилояти Суғд, раиси кумитаи заминсозии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, директори намояндагии КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов, муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Зуфар Исмоилзода дар солҳои гуногун дар вазифаҳои котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Ғончӣ, раиси Шўрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудири бахши шуъбаи идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Идораи кор бо ҷавонони вилоят, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбари маркази аналитикии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои коргарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардааст.
Ҳамзамон дар вазифаҳои раиси шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол), раиси ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, раиси ноҳияи Зафаробод кор карда, ду маротиба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ҷамшед Ҷӯразода дар солҳои гуногун дар вазифаҳои мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, муовини мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ — фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ноиби ректор ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамаи кадрҳои таъиншуда дорои таҷрибаи бой буда, солҳои зиёд дар сохторҳои давлатӣ фаъолият кардаанд.
Раиси вилоят ба муовинон ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, бунёди кӯдакистонҳо дар маҳаллаҳо, истифодаи самараноки замин, иҷрои нақшаи кишти зироатҳо, азхудкунии заминҳои кишоварзӣ, бунёди гармхонаҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ, воридсозии тухмиҳои хушсифат, корҳои ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонӣ, тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандӯстӣ супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд