Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом баргузор гардид. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сӯҳбат бо фаъолони шаҳри Конибодом иброз дошт, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2025 Тӯхтасунзода Абдусалом бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Конибодом озод шуда, Зоҳидзода Даврони Абдуқодир иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин карда шуд. 

Раиси вилоят барои фаъолияти пурсамараш ба Абдусалом Тӯхтасунзода изҳори сипос намуда, дар фаъолиятҳои минбаъдааш барору комёбиҳо орзу кард. 

Зимни муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом иттилоъ дода шуд, ки Зоҳидзода Даврони Абдуқодир фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1993-1996 ҳамчун омӯзгори фанҳои техникии умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оғоз бахшида, сипас, солҳои 1996-2001 дар вазифаҳои раиси Маркази ташаббуси ҷавонони “Иттифоқ”-и шаҳри Хуҷанд, 2001-2003 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, 2003-2004 муовини аввали роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд, 2004-2006 роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд, 2006-2011 раиси ноҳияи Ашт, 2011-2013 раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, 2013-2016 раиси шаҳри Исфара, 2017 -2020 муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен кор кардааст.

Аз моҳи ноябри соли 2020 то моҳи январи соли 2022 раиси шаҳри Истиқлол ва то лаҳзаи и.в. раиси шаҳри Конибодом таъин шуданаш дар вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд кор мекард.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳри Конибодом барои таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, афзун намудани дастовардҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти шаҳр,баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа ва дигар масъалаҳои муҳим супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд