Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд бунёд гардида истодааст.
Зимни шиносоӣ бо раванди корҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода масъулини соҳаҳои меъмориву шаҳрсозӣ ва пудратчии иншоотро вазифадор намуд, ки ба сифати корҳо таваҷҷуҳ намуда, сохтмончиён дар се баст ба кор ҷалб карда шаванд.
Бинои нави Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд аз 7 ошёна иборат мебошад. Бо бунёди бинои нав барои кормандон шароити хуб фароҳам оварда мешавад.
Бояд таъкид кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд биноҳои маъмурии кумиҷроияи ҲХДТ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Раиси вилоят ҳамзамон бо сохтмони бинои иловагии гимназияи №4 -и шаҳри Хуҷанд, бинои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, маҷмааи варзишии «Суғд Арена» шинос гардида, барои дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода супоридани иншоот ба масъулин супоришҳо дод.
Сипас, роҳбари вилоят ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» омада, бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайри Суғд” шинос гардид.
Корхонаи “Сайри Суғд” моҳи ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Дар корхона бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайри Суғд” тасмим доранд, ки шумораи коргаронро аз 60 нафари кунунӣ ба беш аз 150 нафар расонанд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона барои дар оянда зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ташкили ҷойҳои иловагии корӣ тавсияҳо дод.
Қобили зикр аст, ки корхонаи «Сайри Суғд» дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров бо маблағи 23 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд