Боздид аз корхонаи навтаъсис дар ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” шинос гардид.

Корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ Зайналобидин Махсудҷонов ва Манзуралӣ Мамадҷонов бо мақсади коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ ва бунёди ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, чанде қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

Дар корхонаи навтаъсис коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта бо технологияи пешрафта ба роҳ монда шудааст.

Таҷҳизоти технологӣ сохти ширкати “Рифа”-и давлати Италия аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст, ки технологияи нави соҳа мебошад. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди зиёда аз 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад.

Бо фаъолияти корхонаи ресандагӣ беш аз 350 нафар сокини деҳоти ноҳияи Ашт бо кори доимии баландмузд таъмин гардиданд, ки аксари коргарону мутахассисонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар ва бахши муҳими ҳадафи стратегӣ — саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Истеҳсоли маҳсулоти ресандагӣ, бофандагӣ ва маҳсулоти ниҳоӣ – дӯзандагӣ омили афзун гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти соҳаи саноати сабук ва манфиат ба иқтисоди миллист.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд