Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳо дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо сохтмони коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон" аз наздик шинос шуд.

Тавре маълумот дода шуд, коргоҳҳои нав дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иншооти қаблан бекорхобидаи КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон" таъсис дода мешавад.

Роҳбарияти КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон" бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноат зарфиятҳои мавҷударо марҳила ба марҳила мақсаднок истифода намуда, корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд менамояд. 

Зимни шиносоӣ роҳбари вилоят барои вусъатбахшии корҳои сохтмонӣ ва воридсозии дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Раиси вилоят ҳамзамон аз корхонаи заргарии “Зари Суғд” боздид кард. Дар корхона бо истифода аз тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо маҳсулот истеҳсол ва дар мағозаи фирмавии корхона ба фурӯш гузошта шудааст. Масъулин иттилоъ доданд, ки таваҷҷӯҳи меҳмонону сайёҳон ба маҳсулоти заргарӣ бештар аст, зеро он маҳсулоти дастӣ ба шумор рафта, ба талабот ҷавобгӯ аст.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Бўстон бо мақсади саҳм гузоштан дар саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаҳои нав бунёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад. То ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду бакорандозии 33 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода инчунин бо раванди корҳои сохтмонӣ дар клиникаи хусусии ташхисию табобатии "Луқмони Ҳаким" шинос шуд. Тавре иттилоъ доданд, баъди ба истифода додани ин иншооти соҳаи тандурустӣ беш аз 50 нафар бо кор таъмин мешаванд. 

Дар назар аст, ки фаъолияти клиника ба таври рақамӣ ба роҳ монда шавад ва дар он мутахасисони асабшинос, амрози дил, дандонпизишк, косметология, урология ва дигар мутахасисон барои солим нигоҳ доштани ҷомеа хизмат расонанд. 

Беш аз 10 сол мешавад, ки клиникаи ташхисию табобатии "Луқмони Ҳаким" фаъолият дорад. Намояндагиҳои ин маркази тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои мамлакат ташкил гардида, масъулин тасмим гирифтаанд, ки давоми солҳои 2024-2025 боз садҳо ҷойи нави корӣ фароҳам оварда, дар самти муолиҷа, ташхис ва табобати беморон аз муосиртарин шароиту имконот истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд