27 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд вохӯрии кории сардорони Сарситод ва мақомоти сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид. Чорабинӣ бо суханронии Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб, муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирокдорони вохӯрии кории сардорони Сарситод ва мақомоти сарҳадии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ-ро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки дар замони зудтағйиёбандаи ҷаҳони муосир, зуҳури хафву хатари терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир ва дигар амалҳои номатлуб зарурати бештари тақвияти ҳамкорӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои муштарак ба миён омадааст. Дар ин самт изҳори боварӣ карда шуд, ки мулоқоти навбатии сардорони Сарситод ва мақомоти сарҳадии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ заминаи муосид фароҳам меоварад.
Бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд, ки дар вилояти Суғд тамоми самту соҳаҳо рушд намуда, нишондиҳандаҳо сол аз сол беҳтар мешавад. Ҳамкории вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни кишварҳои ИДМ назаррас арзёбӣ карда шуд ва илова гардид, ки ин ҳама дастоврадҳо бо шарофати пойдории сулҳу субот ва муносибатҳои ҳасана ба даст омадааст.
Дар идома ба масъалаи боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳо, ҳифзи сарҳадот, таъмини амният, амалӣ намудани нақшаҳои муштарак дар самти пешгирии хавфу хатари терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуд.
Қайд гардид, ки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамеша хоҳони пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ҳастанд. Зеро танҳо дар сурати таъмини оромиву осудагӣ метавон ба ҳадафҳои пешгирифта ноил гардид.
Дар назар аст, ки баъди мулоқот сардорони Сарситод ва мақомоти сарҳадии давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ва фарҳангии вилояти Суғд боздид намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд