Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо раванди корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ шинос гардид. 

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони силсилаи иншооти гуногун идома дорад. Дар ин раванд ба ташкили макони истироҳат барои сокинон низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, барои истифодаи самараноки имкониятҳо чораҷӯӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, аз пули куҳна то пули "Ҷашнӣ" бо дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр роҳи пиёдагард ва макони истироҳативу фароғатӣ ташкил карда хоҳад шуд. 

Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ "Сайҳуни Хуҷанд" ба уҳда дошта, тибқи лоиҳа анҷом дода шуда истодааст. 

Раиси вилоят аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳо барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани корҳо, бо тарҳу ороиши хос омода намудани нишастгоҳу суҳбаткадаҳо, тоза нигоҳ доштани соҳили дарё ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини ҳифзи муҳити зист супоришҳо дод. 

Сипас, роҳбари вилоят сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. 

Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа дар кӯчаи Сирдарёи шаҳр, дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд бунёд мешавад.

Маҷмааи варзишии «Суғд Арена» дорои толорҳои варзишии бокс, гӯштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, теннис, таэквандо буда, бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст. Баъди баистифодадиҳӣ дар маҷмааи варзишӣ дар як вақт то 1000 нафар ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд.

Раиси вилоят ҳамзамон бо корҳои сохтмонӣ дар бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, бинои Суди вилояти Суғд, қасри фарҳанг, сохтмони биноҳои баландошёна, бинои иловагии факултаи чоруми Академияи ВКД шинос шуда, барои тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд