Шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

16 сентябри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафари корӣ анҷом дода, бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.

Дар хоҷагии деҳқонии «Абдуллоҷон» -и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз роҳбари вилоят бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшида, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд дод.

Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Раиси вилоят таъкид намуд, ки аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, ҷиҳати ҳарчи тезтар ғунучин кардани ҳосили пахта ва дар ҳудуди ноҳия коркард намудани он чораҷӯӣ карда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои 7 гектар замини корам буда, аз он дар 5 гектар зироати пахта кишт карда шудааст. Ба иттилои масъулин ҳосилнокии пахта дар ин хоҷагӣ аз 50 то 60 сентер баробар буда, соли равон аъзои хоҷагӣ ният доранд, ки ҳосили фаровонро ба даст оварда, ба хирма супоранд.

Сипас, роҳбари вилоят ба чинакчиёни пешқадам ва собиқадорони соҳаи кишоварзӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят аз корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Шамс -777» боздид намуд. Дар корхонаи мазкур 12 нафар коргарон ба таври мавсимӣ фаъолият мебаранд. Корхона дорои 10 адад таҷҳизоти коркарди пахта буда, дар як шабонарӯз аз 40 то 50 тонна пахтаро коркард менамояд.

Раиси вилоят барои қабули саривақтии пахта ва коркарди он ба роҳбарияти корхона супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд