Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду канори дарёи Сир ба ободонӣ фаро гирифта шуда, барои истироҳат, сайру гашт ва машқу тамрини сокинон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Шоми 2 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмони дар соҳили рости дарёи Сир шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, соҳили рости дарёи Сир аз назди пули куҳна то пули «Ҷашнӣ» таҷдиду боссозӣ гардида, роҳрав бо паҳноии то 10 метр бунёд гардида истодааст. Сохтмончиён дар ду баст кор карда, ба насби чароғҳо, нишастгоҳҳо, сафолакпӯш намудани роҳрав ва дигар корҳо машғуланд.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ ба масъулини соҳаи сохтмон барои татбиқи пурраи лоиҳа ва барои истифода омода намудани мавзеи истироҳатӣ супоришҳо дод
Бояд гуфт, ки ободу зебо намудани соҳили дарё аз иқдомҳои наҷибу созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шумор рафта, барои истироҳату фароғати сокинон, инчунин сайёҳону меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд