Мумфаршкунии роҳҳо дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов

29 августи соли 2024 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии кўчаи ба номи Охунҷон Каримови Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз ёфт.

Дарозии роҳи мумфаршшаванда 2 км ва паҳноии он 7 метр буда, он бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфарш мегардад. 

Мумфаршкунии роҳи мазкур бо фармоиши сокинон сурат гирифта, тибқи нақша барои иҷрои кор зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд. 

Раиси вилоят зимни суҳбат иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳия корҳои ободониву мумфаршкунии роҳҳо идома дошта, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз 2,5 км роҳ, аз чумла кӯчаҳои ба номи Қобилшех Содиров 750 метр, Тоҷикистон 670 метр, Баҳор 230 метр, ба номи Маннон Латифов 400 метр мумфарш карда шудааст.

Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.

Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф Баҳром Ҳабибов, сокини Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, Бойматова Барно, сокини Ҷамоати шаҳраки Меҳробод хабар гирифта, ба онҳо маводи озуқаворӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд