Дар арафаи соли нави хониш дар ноҳияи Айнӣ ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва ятимон либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш туҳфа карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими туҳфаҳо аз дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ва ятимону ниёзмандон ёдовар гардида, таъкид дошт, ки дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва раъиятпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилоят чунин табақаи аҳолӣ доимо ба ғамхорӣ фаро гирифта мешавад.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 80 нафар ятимон ва эҳтиёҷмандон аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси ягонаи мактабӣ, ҷузвдон ва дигар ашёи хониш тақдим гардид. Ҳамзамон ба хонандагон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия дастурхони идона ороста шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Айнӣ 68 муассисаи таълимӣ фаъолияти босмар дошта, дар онҳо наздик 19 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд