Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ босуръат идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 27 август ба деҳаи Искодар рафта, бо ҷараёни сохтмони хонаҳо шинос гардид. Зимни шиносоӣ таъкид карда шуд, ки раванди бунёди манзили зист барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар муҳлатҳои кутоҳтарин хонаҳои нав мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки санаи 13-уми июли соли равон бар асари омадани сел дар деҳаи Искодар чандин манзили зисти шаҳрвандон пурра ва қисман хароб гардида, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12, боғоту заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ дида расида буд. Аз лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ раванди бартарафкунии оқибати он ва таъмини шаҳрвандон бо хонаҳои нав таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Бо дастуру махсуси Сарвари давлат барои сокинони зарардида дар мавзеи бехавфи дашти Искодар замин ҷудо гардида, барои 15 оила сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шуруъ гардид. Бо ин мақсад кумакҳои Президенти мамлакат иборат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, арматура, хишти пухта, қуму шағал ва маводи хӯрока дастрас гардида, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ босуръат ҷараён дорад ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин мавриди истифода қарор дода мешавад.
Зимни суҳбат бо сокинону бинокорон роҳбари вилоят таъкид дошт, ки масъалаи бунёди манзилҳои истиқоматӣ таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сохтмончиёнро зарур аст, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо сидқан заҳмат кашанд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия, намояндагии Агентии захираҳои модди назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, шабакаҳои барқ, Раёсати ҳолатҳои фавқулода, ташкилоту идораҳо дастур дод, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин хонаҳо бунёд ва ба зарадидагон супорида шавад
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд