Истифодаи самараноки замин дар Истаравшан

Истифодаи самаранок ва оқилонаи замин дар баробари зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот барои заминдорону хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати бештар мебахшад. Азму талош ва заҳмати фидокоронаи сокини шаҳри Истаравшан Диёр Ҷӯраев ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонии ӯ шаҳодати ин гуфтаҳост.

Зимни шиносоӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мавсуф маълумот дод, ки хоҷагии деҳқонии Ҷӯраевҳо дар ихтиёри худ қариб 29 гектар замин дорад ва қаблан заминҳо бекорхобида буд. Барои обёрӣ ду чоҳи амудӣ кофта шуда, ба масофаи 5 километр хатти оби полезӣ кашида шудааст. Дар 7 гектар ниҳоли дарахти павловния шинонида шуд, ки нашъу намои хуб доранд ва оянда ҳамчун тахта барои сохтмон истифода карда мешаванд.

Аъзои хоҷагӣ инчунин дар майдони 5,5 гектар пиёз кишт карда, ба таври обёрии қатрагӣ об медиҳанд ва тибқи пешгӯиҳои мутахасисон аз ҳар гектар то 80 тонна ҳосил ба даст оварда мешавад. Кишоварзон ҳар ваҷаб заминро мақсаднок истифода карда, дар 4 гектар парвариши хучро ба роҳ мондаанд. 

Раиси вилоят таҷрибаи заминдорӣ, истифодаи оқилонаи обу заминро дар ин хоҷагӣ намунаи ибрат арзёбӣ карда, супориш дод, ки дар ин хоҷагӣ семинарҳо бо иштироки кишоварзону масъулини соҳа ташкил карда шавад.

Зимни суҳбат бо деҳқонон роҳбари вилоят аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба гардиши кишовразӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, гирфитани то се ҳосил, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки бо назардошти муносиб будани иқлими ин минтақа майдони парвариши дарахти павловния зиёд карда шавад. 

Дар поёни сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадорони соҳаи маориф рафт. Раиси вилоят аз ҳоли Абдураҳмон Абдуқаҳҳоров ва Анвар Азимов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд