Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маркази хизматрасонии "Истиқлол" ба истифода дода шуд.
Маркази хизматрасонӣ дар ошёнаи якуми бинои боҳашамати баландошёна ҷойгир буда, иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Аловаддин Калонов бунёд гардидааст. Дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстона ва раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 113 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо наврасону кӯдакон қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ятимону кӯдакони оилаҳи ниёзманд ҳамеша ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Барои таълиму тарбия ва ба камол расидани онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оврада шуда, дар арафи ҷашну идҳо ба онҳо аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои идона тақдим карда мешавад.
Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан барои таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои падарона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд. Ба онҳо аз номи Президенти мамлакат либос, ҷузвдони мактабӣ ва дигар лавозимоти хониш тақдим карда шуд. Дар ин рӯз хурсандии онҳоро ҳадду канор набуд. Дастурхони идона ва туҳфаҳои тақдимгардида боиси болидахотирӣ ва хушнудии онҳо гардид.
Дар шаҳри Истаравнаш бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимитяти давлатии шаҳр барои бошандагони мактаб-интернат бинои наву замонавӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Бино аз се ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа дар он 22 синфхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Дар шафати бино ҳамзамон маҷмааи варзишӣ низ сохта мешаад ва ин ғамхорӣ барои тарбиятгирандагон гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат барои онҳо тамоми шароити заруриро фароҳам меоварад. Маврид ба зикр аст, ки бинои қаблии мактаб-интернат солҳои 1956-1957 сохта шуда, бо гузашти вақт куҳнаву фарсуда гардида буд. Дар бинои нав имкон аст, ки то 300 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд