Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан аз корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл», ки ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва чанд намуди дучарха машғул аст, боздид кард. «Адл» аз калонтарин корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Истаравшан ба шумор меравад. Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин корхона хатҳои нави истеҳсолӣ ба кор шуруъ мекунад ва дар баробари фароҳам оврадани ҷойҳои нави корӣ номгӯи маҳсулот низ зиёд мешавад.
Зимни боздид маълумот дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адл" истеҳсоли 5 намуди дучархаро ба роҳ монда шуда, баъди ба фаъолият оғоз намудани хатти нави рангуборкунии маҳсулоти истеҳсолшаванда беш аз 30 нафар бо кор таъмин мешаванд. Бояд гуфт, ки қаблан дар ин корхона чанд номгӯи бозичаҳои кӯдакона истеҳсол мегардид ва имрӯз истеҳсоли 35 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адл" бо саҳми соҳибкор Мансурҷон Умаров таъсис дода шуда, соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин корхона истеҳсоли дучарха ва мошинчаҳо роҳандозӣ гардида, ҳаҷми маҳсулот давра ба давра зиёд мегардад. Тиқи иттилои масъулин давоми 7 моҳи соли равон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адл" ба маблағи беш аз 10 миллиону 847 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад. Ҳамзамон ба маблағи 8 миллиону 849 ҳазор сомонӣ маҳсулот содирот намудаанд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти маҳсулот ду баробар бештар гардидааст.
Раиси вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адл" баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуд, ки барои саҳми бештар гузоштан дар саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешида шавад. Соҳибкор ваъда дод, ки бо истифода аз шароити фароҳамгардида ва ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар самти зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷм ва номгӯӣ маҳсулот иқдомҳои созандаро дар оянда амалӣ мекунад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд