Дар Истаравшан корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Тавре аснои шиносоӣ маълумот дода шуд, дар доираи эълон гардидани "Солҳои рушди саноат" дар шаҳри Истаравшан корхонаҳои нави саноатӣ бунёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд мегардад. Дар яке аз чунин корхонаҳо, ки бо саҳми соҳибкор Икром Набиев ва аз ҷониби ҶДММ "Сино медикал" бунёд мегардад, истеҳсоли сӯзандоруи яккарата ва системаи қатравии яккатара ба роҳ монда мешавад.

ҶДММ "Сино медикал" дар вилояти Суғд нахустин корхонаест, ки истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравиро ба роҳ монда, маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол хоҳад кард. Барои бунёди ин корхона беш аз 10 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои пешрафта оварда шуда, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин корхона солона то 60 милион дона сӯзандоруи яккарата ва 5 миллион дона системаи қатравӣ истеҳсол карда мешавад. Бо ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ "Сино медикал" воридоти ин навъи маҳсулот кам гардида, дар корхона дар се баст беш аз 120 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро намунаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бо саҳми соҳибкор Дилшод Холмуродов корхонаи нави саноатӣ бунёд ва дар он истеҳсоли моеи зидди ях, яъне антифриз ба роҳ монда мешавад. Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят маълумот доданд, ки корхона дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда мебошад. 

Таъкид гардид, ки дар заминаи дастгириҳои давлатӣ соҳибкорони шаҳри Истаравшан дар рушди соҳаи саноат саҳми арзанда мегузоранд. Бунёди корхонаҳои нав дар баробари зиёд шудани ҳаҷми маҳсулот ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Гуфта шуд, ки дар шаҳри Истаравшан зарфиятҳои соҳаи саноат бояд мақсаднок истифода карда шавад. Ҷалби сармоя, ҳамкории судманд бо соҳибкорон ва фароҳам овардани фазои муносиб имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳо афзун гардад. 

Роҳбари вилоят ба фаъолияти соҳибкорони шаҳри Истаравшан баҳои муносиб дода, ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои бештар масъулинро вазифадор намуд. 

Дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҳамзамон лоиҳаи коргоҳи бандубасти меваи хушки "Кишмиши Истаравшан" муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нав бунёд ва дар он меваи хушк банду баст карда мешавад. 

Масоҳати коргоҳ 1353 метри мураббаъ буда, вобаста ба мавсими сол то 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд