Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни шуъбаву хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқаи даставии футбол баргузор карда шуд.
Ҳадафи чорабинӣ солимгардонӣ ва ҷалби ҳайати шахсӣ ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушду оммавияти ин намуди варзиш дар байни шуъбаву хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, ки барои дарёфти «Ҷоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд» байни ҳам сабқат намуданд.
Дар мусобиқа 17 даста давоми як моҳ дар чаҳор зергурӯҳ байни ҳам сабқат карданд ва мусобиқа дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби мураббиёни ин соҳаи варзиш аз рӯи системаи даврӣ гузаронида шуд. Ҳамарӯза баъди соати корӣ ду бозӣ гузаронида шуда, дастаҳо байни ҳам нерусанҷӣ карданд.
Ҳамин тавр 4 даста - дастаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, қисми низомии 3501-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва Шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара нисбат ба ҳарифони худ бартарӣ нишон дода, ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Рафти мусобиқа нишон дод, ки дастаҳои мазкур бағайр аз иҷрои уҳдадории хизматӣ ҳамзамон дар риштаи футбол низ маҳорати хуб доранд.
Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои Раёсати ВКД дар вилоят ва қисми низомии 3501 санаи 26 август баргузор гашт. Дар ҷараёни баргузории мусобиқаи ниҳоӣ Раиси вилояти Суғд, Раиси федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Маҳмадсафар Пирзода иштирок доштанд.
Дар бозии финалӣ дастаи Раёсат бо ҳисоби 4-1 пирӯзӣ ба даст оварда, ғолиби мутлақи мусобиқа гашт.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Раиси вилоят ва сардори Раёсати ВКД дар вилоят ба сухан баромада, бори дигар аз мавқеи варзиш дар ҳаёти шахс, солимгардонии руҳу ҷисм, ташкили мусобиқаҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ёдоварӣ карданд.
Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти Раёсат ба ғолибон медалу Ифтихорнома ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд. Ҳамчунин маҳорати варзишии аъзои дастаҳо дар алоҳидагӣ қадршиносӣ шуда ба дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва футболбози беҳтарин Ифтихорномаи сардори Раёсати ВКД ва туҳфаҳо тақдим гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки варзиш дар реҷаи кории мақомоти корҳои дохилӣ мавқеъи хос дорад. Зеро корманди руҳану ҷисман обутоб ёфта дар иҷрои рисолати касбӣ низ муваффақ аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд