Боздиди Раиси вилоят аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо бунёди корхонаҳи нави саноатӣ шинос гардид.

Тавре аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ менамояд.

Давоми нимсолаи аввали соли 2024 дар МОИ “Суғд” 3 субъекти нав ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа шумораи субъектҳо ба 37 адад расид ва 21 адади он ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул мебошад. Маҷмуи маҳсулоти саноатии истеҳсолшудаи МОИ “Суғд” дар нимосолаи якуми 2024 ба 180,3 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 116,3 % ё 25,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. 

Маҳсулоти дар субъектҳои МОИ “Суғд” истеҳсолшаванда ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ироқ, Озорбойҷон ва Туркия содирот гардида истодааст. Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо дар давраи ҳисоботӣ 46,2 млн.сомониро ташкил намудааст.

Айни замон дар минтақаи озоди иқтисодӣ бунёди корхонаи истеҳсоли электромотороллер идома дорад. Ин навъи техника, ки имрӯз дар бозор серхаридор аст, бо истифода аз метали корхонаҳои ватанӣ истеҳсол карда хоҳад шуд.

Барои истеҳсоли чунин техникаҳо муҳаррик ва таҷҳизоти нерӯдиҳанда аз хоричи кишвар ворид карда мешавад.

Раиси вилоят барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» тавсияҳо дода, ҷиҳати зиёд намудани номгӯй ва ҳаҷми маҳсулот супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд