Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти кишти такрории зироат шинос гардида, барои истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани майдони кишти картошкаву сабзӣ супоришҳо дод.
Дар Истаравшан имсол дар масоҳати 1364 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад ва то имрӯз бо холӣ шудани заминҳои ғалла 421 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Таъкид карда шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи дурусти заминҳо ва фаъолияти шабонарӯзии деҳқонон вобаста буда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
Сипас, Раиси вилоят сохтмони бинои маъмураи Прокуратураи шаҳри Истаравшанро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Сохтмони бинои чорошёна бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфта, он дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми иншоот идома дошта, дар нақша ҳаст, ки то охири сол қисми асосии корҳо ба охир расонида шавад.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти ширкати сохтмонии «Шаҳри ман», ки ба омода ва дастрас намудани сементи тайёр барои сохтмон машғул аст, шинос шуд. Ширкат бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ техникаҳои муосирро ворид намуда, барои сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои баландошёна сементи тайёр дастрас мекунад.
Раиси вилоят барои тавсеаи фаъолият ва ба сохтмонҳои сокинон низ дастрас намудани маводи сохтмонӣ ба роҳбарияти ширкат тавсияҳои муфид дод.
Дар Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ Раиси вилоят бо таҷҳизоти ангиографӣ, ки нав ворид карда шуда, тавассути он бемориҳои дилу рагҳо табобат мешавад, ошно шуд. Иттилоъ дода шуд, ки тавассути ин таҷҳизот бемороне, ки аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Зафарободу Деваштич муроҷиат мекунанд, табобат карда мешаванд.
Дар поёни сафари корӣ роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Муҳаббат Ҳаитова ва Нормат Юнусов хабар гирифта, ба онҳо аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои моддӣ супорид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд