6 июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Раиси вилоят мулоқотро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ ва дигар мулоқоту вохӯриҳо бармеояд, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст. Дар шаҳри Панҷакент низ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум чораҷӯӣ шуда, имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Сипас, доир ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар панҷ моҳи соли равон раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гузориш дод. Мавсуф таъкид намуд, ки дар шаҳри Панҷакент дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят ҷиҳати рушди соҳаҳои хоҷагии халқ чораҷӯӣ карда шуда, барои иҷрои саривақтии супоришҳо ва барномаҳои давлатӣ тадбирҳо амалӣ мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми панҷ моҳ ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, давоми соли гузашта ва панҷ моҳи соли равон 1552 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар шаҳр 45 корхона фаъолият дошта, барои таъмини рушди соҳаи саноат барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида истодааст. Дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 7,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, сокинони шаҳр дар иҷрои ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ба таъкиди раиси шаҳр ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панҷакент 1000 иншооти гуногун сохта шуда, то имрӯз қариб нисфи иншооти банақшагирифташуда ба истифода дода шудааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо таҳлили вазъи соҳаҳо иброз дошт, ки шиносоӣ бо вазъи фаъолият дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва сохторҳои он собит менамояд, ки дар ҳамаи соҳаҳои хизмати давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Панҷакент ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат корҳои зиёд ба иҷро расонда шудаанд. Бо вуҷуди ин, захираву имкониятҳои истифоданашуда хело зиёд аст ва роҳбарияти шаҳру фаъолон бояд фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.
Раиси вилоят ба масъулин барои ташкили корхонаҳои нав дар самти истеҳсоли обҳои нӯшокӣ, афшураҳо, пойафзолу маҳсулоти дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ, консерва, заршӯӣ, бунёди боғҳои себу хуч, обёриву азхудкунии заминҳо, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, ташкили гармхонаҳои нав, ҳавзҳои моҳипарварӣ, гузаронидани корҳои геологӣ ва дарёфти конҳои нав, бунёди мактабу кӯдакистонҳо, истифодаи самараноки заминҳо, ташкили минтақаи саноатӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, бартарафсозии норасоии кадрҳо, таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас, назорати доимии таҳсили хонандагон, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, бемориҳои гуногун, ҷудошавии оилаҳо, ҷалби сайёҳон ба минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ, баррасии саривақтӣ ва ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон, дастгирии қишри ниёзманд дар арафи Иди саиди Қурбон супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд