6 июн дар шаҳри Панҷакент тарабхонаи наву замонавии "Амиршоҳ" ба истифода дода шуд.
Ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки иншоот дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар он то 10 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Бо ташаббуси соҳибкор Шавкат Бобоев, ки соҳиби тарабхона аст, барои 40 нафар хурдсолоне, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, дастархони идона ороста шуд.
Раиси вилоят аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хурдсолон туҳфаҳо супорида, илова намуд, ки онҳо зери сарпарастии давлат қарор доранд.
Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бинои ҲХДТ, беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ боздид намуда, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод.
Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қомат афрохта, тибқи лоиҳа дорои 100 кат мебошад. Бинои қаблии беморхона, ки даҳсолаҳо пеш сохта шудааст, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд ва бинобар ин сохтмони бинои нав ба роҳ монда шуд.
Раиси вилоят инчунин дар назди осоишгоҳи «Шифо» ба бунёди иншооти нав, аз ҷумла меҳмонхона, бинои иловагии осоишгоҳ, боғи фарҳангиву фароғатӣ санги асос гузошт. Иншооти зикршуда дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ сохта хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд