Сокинони шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагиро вусъат мебахшанд.
Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом тасмим гирифтаанд, ки бо маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худ роҳи кучаи Фирӯзобаи маркази шаҳрро мумфарш намоянд.
Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок карда, ташаббуси сокинонро, ки садақаи ҷория маҳсуб меёбад, шоистаи дастгирӣ арзёбӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорони маҳалла барои ободонии роҳҳо саҳмгузорӣ намуданд ва чанд нафар бонувон низ маблағҳои худро дар ин кори хайр сарф карданд. Дарозии роҳ 1.5 км ва паҳноии он 7 метр аст.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин ҳам сокинони шаҳри Конибодом бар ивази сафар ба ҳаҷ роҳи чанд кӯчаро мумфарш карда буданд.
Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Бобо Мансурови шаҳри Конибодом бинои истиқоматии 5 ошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳи иншоот, ки бо ҳузури роҳбари вилоят сурат гирифт, иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз ҷониби соҳибкор Абдумаҷид Қаҳҳоров ва фарзандони ӯ сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ, толори ҳусн, нуқтаҳои фурӯши таҷҳизоти техникӣ ташкил гардида, наздик 20 нафар соҳиби ҷойи корӣ гардид.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами яки шаҳр толори варзиширо мавриди истифода қарор дод. Толори варзишӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории волидони хонандагон сохта шуда, ба наврасон имкон фароҳам оварда шуд, ки дар шароити беҳтару хубтар ба варзиш машғул шаванд.
Сипас, Раиси вилоят дар деҳаи Сомониён бо сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти умумии рақами 48 ва толори варзишии он, бинои муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 шинос шуда, барои ба охир расонидани корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.
Раиси вилоят ҳамзамон бо нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом ва тарзи истифодаи замин шинос гардида, барои риояи қоидаҳои агротехникӣ, сари вақт об додани заминҳои пахта, истифодаи самараноки замин ва гирифтани то се ҳосил дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд