Шоми 15 апрел ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Қирғизистон пас аз иштирок дар мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон аз Маҷмааи фарҳангиву таърихии "Қалъаи Хуҷанд" боздид намуданд.
Бояд таъкид кард, ки мулоқоти ҳайатҳои расмӣ бо иштироки фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Хадамоти сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон Уларбек Шаршиев, раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар шаҳри Гулистон ҷараён гирифт.
Зимни боздид аз Қалъаи Хуҷанд ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки эҳё ва барқарорсозии мероси гаронбаҳои халқи тоҷик бо ибтикору ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 6 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
Масоҳати умумии иншоот 6 гектар буда, деворҳои атрофи қалъа ва арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ, ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд ва дигар иншоот ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳудуди қалъа дар рафти корҳои ҳафриётӣ як чанд қабатҳои мадании таърихӣ, ки муттааллиқ ба асрҳои ҳафт-чори пеш аз мелод мебошад, пайдо гардидааст.
Кашфи қабатҳои мадании таърихӣ дар қисмати поёнии кушки ҳокимнишин бозгӯи он аст, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз 3 ҳазорсола дорад.
Меҳмонон дар иншооти мазкур бо таърихи пурғановати миллати тоҷик шинос гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд