Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд, ки дар он маводи ғизоии нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид.
Ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир шуд ва сокинон маҳсулоти барои рӯзгор заруриро харидорӣ намуданд.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои фурӯши маҳсулот иттилоъ дода шуд, ки нархи 30 дона тухм 27 сомонӣ, як кило пиёз 1 сомонию 50 дирам, як кило гӯшти гов 50 сомонӣ, гӯсфанд 60 сомонӣ, 5 литр равған 60 сомонӣ, 10 кило орд 50 сомонӣ, як кило макарон 9 сомонӣ, як кило биринҷ 15 сомонӣ, як кило шакар 9 сомонӣ, як кило картошка 3 сомонию 50 дирам, як кило бодаринг 10 сомонӣ муқаррар шудааст.
Фаровонии маҳсулот дар ярмарка таъмин буда, нархҳо нисбат ба бозор то 30 дарсад арзонтар аст.
Раиси вилоят ба масъулин барои ташкили ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ дар оянда ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд