Аёдати беморону ниёзмандон дар ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт маъюбону камбизоатонро аёдат карданд. 

Раиси вилоят ва вазири маориф ва илм нахуст ба манзили оилаи Эшматовҳо, ки камбизоат мебошад, омадаву ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расониданд. 

Сипас, сокини деҳаи Ашти ноҳия Эшонбой Ғиёсиддинов, ки маъюб аст, аёдат карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҳим Саидзода аснои суҳбат қайд карданд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон мунтазам ғамхорӣ карда шуда, ин қишри ҷомеа зери сарпарастии давлат қарор дорад.

Ҳамзамон, аз ҳоли собиқадори меҳнат Ҷумагул Эгамова хабар гирифта шуд.

Ба аёдатшудагон ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд