Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди саиди Фитр ба манзили якчанд нафар камбизоатон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд рафта, аз ҳоли онҳо хабар гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати сокини маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов”, маъюби гуруҳи якум Зӯҳро Шукурова, бошандагони маҳаллаи “Масҷиди Савр” собиқадори меҳнат, бонуи 100 сола Саноат Қурбонова, иштирокчии сохти конститутсионӣ Ёқуб Абдураҳмонов, истиқоматкунандагони маҳаллаи “Сирдарё”, шахси яккаву танҳо Раиса Шабаева ва маъюби гуруҳи якум Дилбар Ғаниева таъкид дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли қишри ниёзманди ҷомеа хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумат изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри оромиву ободии Ватан, шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон дуои хайр намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд