Сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат Наврӯзи хуҷастапайро бо шукуҳи хоса таҷлил намуданд.
Дар чорабинии наврӯзии сокинони ҷамоат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иштирок карда, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро табрик намуданд.
Зимни суҳбат бо сокинон қайд карда шуд, ки дар даврони истиқлоли давлатии кишвари азизамон, маҳз дар заминаи талошҳои дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз ва суннатҳои он аз нав эҳё гардида, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат Наврўз ҳамчун падидаи дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардида, баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ сол то сол бошукўҳтар мегардад.
Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дошта, дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза муҳимтарин омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб меравад.
Тазаккур дода шуд, ки мардуми кишвар имрӯзҳо барои таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинад. Дар ин раванд сокинони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов низ бо заҳмати аҳлона диёри худро боз ҳам обод менамоянд.
Раиси вилоят ва роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамзамон аз хаймаҳои наврӯзии сокинон боздид карда, ба фаъолияти ҳунармандону сӯзанидӯзон, устоҳои халқӣ ва дастовардҳои хоҷагии халқ баҳои баланд доданд.
Барномаи фарҳангии идона ба чорабинии идона шукуҳи дигар зам намуд ва сокинон ба ҳамдигар Наврӯзи Аҷамро шодбош намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд