Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар қисмҳои низомии мустақар дар вилояти Суғд чорабиниҳои гуногун доир гардида, ба қисмҳои низомӣ маводи ғизоӣ расонида мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 19 март ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, комендатураи ҳарбӣ ва қисми низомии мустақар дар шаҳри Конибодом омада, афсарону сарбозонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик кард.

Раиси вилоят дар суҳбат бо афсарону сарбозон изҳор дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду бош қисмҳои низомӣ сол ба сол беҳтар гардида истодааст. Ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, қарзи фарзандии худро иҷро мекунанд. 

Раиси вилоят илова намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ барои боз ҳам беҳтар гардидани шароит дар қисмҳои низомӣ аз имкониятҳо истифода хоҳад кард. 

Барои сарбозону афсарон дар қисмҳои низомӣ дастархони идона ороста шуда, маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд