Нимаи дуюми рӯзи 18 март дар чойхонаи гузари Қӯшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд аҳли маҳалла дар фазои амну осоиштагӣ бо шукргузорӣ аз файзу нусрати Истиқлол Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодишарики сокинони маҳалла гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз растаи ҳунармандон, ки бо оростани хаймаҳо ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда буданд, боздид карда, бо ҳунармандон суҳбат намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода аҳли гузари Қўшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расуловро бо ҷашни Наврӯзи Аҷам таҳният гуфт. Қайд карда шуд, ки бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни миллии тоҷикон – Наврўз мақоми байналмилалӣ гирифта, дар замони муосир дар аксари кишварҳои дунё бо шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд».
Ба шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ андеша ва эътиқоди ниёгони мо Наврўз рамзи пирўзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар нерўҳои бадхоҳи аҳриманӣ буда, маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ то имрўз дар байни мардуми мо аз маҳбубияти хосса бархурдор аст.
Сокинони шарафманди кишвар ба истиқболи Наврӯз дастархони наврӯзӣ меороянд, ба зиёрати якдигар мераванд, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир мекунанд ва дар баробари он ба тозаву озода, ободу зебо ва кабудизоркунии хонаву кошона, маҳалли зисти худ, деҳоту шаҳракҳо иқдом намуда, киштукори баҳориро низ бо рӯҳияи баланду созанда вусъат мебахшанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд бо меҳнати софдилона ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои беҳтарин истиқбол мегиранд.
Сипас, барномаи фарҳангии фарогирии урфу анъанаҳои миллии наврӯзӣ бо иштироки аҳли ҳунари вилоят ва шаҳр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд