Имрўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Сирдарёи маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва ороишии нодир шинонида шуд.
Ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ шинонида шуда, аз ҷониби кормандони Сарраёсати ободонӣ ва кормандони касбу кори гуногун беш аз 150 бех ниҳол мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агротехникӣ шинонида шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини дахлдор оид ба сабзазоркунӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, оғози гулзоркунии кўчаву хиёбонҳои шаҳр ба истиқболи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ва ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт супоришҳо дод.
Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва парваришу нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳои шинонидашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Раиси вилоят ҳамзамон аз як қатор иншооти бунёдшаванда боздид карда, барои сабзу хуррам намудани ҳудуди иншоот ва густариши корҳои ободонӣ дастур дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд